ҲАМА ЧИЗИ АСРИ НАВ

ФОҶЕА
(Ҳикояи асри нав)

Замони қазои ҳоҷат вақте бо шавқ аксҳои духтарони зеборо дар фейсбук тамошо мекард ва ба нозанинтарҳояш дархости дӯстӣ мефиристод, ногоҳ чашмаш ба хабари фармонҳои президент афтод. Вақте миёни вазирони аз вазифа сабукдушшуда ному насабашро дид, ..ид ва дилаш аз кор монд.
Ӯ дар бордон (тележка)-и трактор ба дунё омада буд. Вақте раҳматии модари колхозчиашро ҳангоми ҷамъоварии юнучқа дард гирифт, бригадир ба ронандаи трактор амр дод, ба беморхонааш баранд. Аммо дар ними роҳ болои юнучқаҳо таваллуд кард. Дар трактор зоида шуд ва дар ҳоҷҷатхона фавтид…

РОМАНИ АСРИ НАВ
Боби 1
Ӯ дар деҳа таваллуд шуд.
Боби 2
Дар шаҳр вазифаи баланд гирифт.
Боби 3
Дар 103-солагӣ ҳамроҳи курсӣ ба гӯраш андохтанд. Талошҳо барои ҷудо кардани дастонаш аз курсӣ бенатиҷа буд…

Создайте подобный сайт на WordPress.com
Начало работы