Тарабхонаҳои Тоҷикистон: дидан ҳасту хӯрдан не?

Мегӯянд, вакилон мехоҳанд одамон ҳатто дар тарабхонаву қаҳвахона ва ошхонаҳо ниқобҳои худро нагиранд. Дар акси ҳол, ҷарима мешаванд. Шумо ҳамон мақоли маъруфи “Дар биҳишт дидан ҳасту хӯрдан не”-ро медонед? Ва таври маълум ҳамеша таъкид мешавад, ки “Тоҷикистон биҳишти рӯи замин аст”. Ба назарам вакилони тоҷик бо ҳамин мантиқ тарҳи қонунро пешниҳод кардаанд. Яъне, чун ТоҷикистонПродолжить чтение «Тарабхонаҳои Тоҷикистон: дидан ҳасту хӯрдан не?»

Испанддуд | Қиссаҳои даврони коронавирус

Аз нақли як ошно, ки донишҷӯ аст Баъди ҳамагир шудани КОВИД-19 ва вазъи бади сиҳатӣ дар Эрон, Испания ва Италия Созмони ҷаҳонии тундурустӣ коронавирусро хеле ҷиддӣ гирифт ва пандемия эълон кард. Ҳамсояҳову ҳамсояи ҳамсояҳо (Афғонистон, Узбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон) ҳам расман аз сабти сироятёбӣ ба ин беморӣ хабар доданд. Танҳо Тоҷикистону Туркманистон исрор мекарданд, киПродолжить чтение «Испанддуд | Қиссаҳои даврони коронавирус»

2020, коронавирус, ниқоб ва маргу шодӣ

Соли 2020. Одамон интизораш буданд. Аз рақамҳояш фоли толеъи баланд мезаданд… Бовар мекарданд, ки дунё дигар мешавад… ва шуд. Шуд!Дигар Парижу Риму Ню Йорк қувваи ҷозибаи худро гум кардаанд,мардум барои дидани Садди бузурги Чин ва шоҳкориҳои Дубайнамешитобад. Ҳатто Маккаю Мадина холӣ шудаанд.Варзишгоҳҳои бузург беодам, кӯчаю хиёбон беодам, боғу гулгаштбеодам… Оғӯшгирию бӯсобӯсӣ хатарзо шудаву саломи дастПродолжить чтение «2020, коронавирус, ниқоб ва маргу шодӣ»

Ковид-19 меравад то баргардад? Чанд пурсиши интизори посух

Шукр Парвардигорро, ки он ҳама вас-васаву воҳимаву оммавӣ дорухонадавию орду картошкахарӣ хатм шуд. Зиндагӣ мисле ки ба маҷрои қаблӣ бармегардад (ҳарчанд пас аз эълони мавҷудияти коронавируси нав дар кишвар ҳам дар деҳаҳо ҳама чӣ маъмулӣ буд. Одамон бо ҳам оғуш мекушоданд, гуруҳ-гуруҳ дар кӯчаҳо менишастанду ба қавли худашон чақ-чақ мекарданд). Ҳоло вазъи куруноӣ то ҳаддеПродолжить чтение «Ковид-19 меравад то баргардад? Чанд пурсиши интизори посух»

Создайте подобный сайт на WordPress.com
Начало работы