Хоҳиш аз ширкатҳои таксӣ: Ронандаҳои “Тангем” ва тракторчиҳоро ба кор нагиред!

 “Тангем”-у “тангемсавориҳо” ёдатон ҳаст? Ронандаҳо барои мусофир бо ҳам сабқат мекарданд. Дар дилхоҳ ҷой меистоданд, одам савор мекарданд, одам мефароварданд. Қоидаи маҳдудияти суръатро риоя намекарданд. Сабаби “пробка” мешуданд. Бо фаҳштарин алфоз мусофирон, ронандаҳо ва ҳар каси дигарро дашном медоданд. Вақте мақомот барои аз хизматрасонии мусофиркашонӣ берун кардани онҳо тасмим гирифт, ҳама оҳи сабук кашид. АММОПродолжить чтение «Хоҳиш аз ширкатҳои таксӣ: Ронандаҳои “Тангем” ва тракторчиҳоро ба кор нагиред!»

Андар баёни “банкоматҳо”-и бепул ва “вайрон”-и Амонатбонк

Чанд рӯз аст ки банкоматҳои бинои асосии Амонатбонк кор намекунанд. Муштариёне, ки барои гирифтани пул инҷо меоянд, бо дасти холӣ бармегарданд. Дар ягон ҷо (на дар девору дарвоза ва на дар назди банкоматҳо) навиштае нест, ки аз кор накардани онҳо (дар бинои асосӣ ду банкомат мавҷуд аст, яке дар берун ва дигари дар долони бино)Продолжить чтение «Андар баёни “банкоматҳо”-и бепул ва “вайрон”-и Амонатбонк»

Андар баёни насиҳатгароӣ ва гиллаҳои “амалгари забони тоҷикӣ”-и Вавилон мобайл

Аз миёни ширкатҳои мобилии фаъоли Тоҷикистон ба ман “Вавилон-М” писандидатар аст. Фикр мекунам, дар қиёс ба ширкатҳои дигар ба меъёрҳои инсонӣ ва корӣ содиқтаранд. Аммо… Ҳафтае нест, ки як-ду ва ҳатто бештар аз ин паёмаки огоҳкунанда дарёфт накунам. Дар ин паёмакҳо, ки бо русӣ ирсол мешаванд, таъкид мешавад, ки барои фаъол нигоҳ доштани сим-кортам “бароиПродолжить чтение «Андар баёни насиҳатгароӣ ва гиллаҳои “амалгари забони тоҷикӣ”-и Вавилон мобайл»

“Рақамҳои “гургшинос” лозим”

Дар радиои “Имрӯз” кор мекардем. Давоми як соат се гузориш ва як нашри хабарӣ дар эфир пахш мегардид. Талабот ба навиштани гузоришҳо хеле ҷиддӣ буд. Пайдо кардани мавзӯъ як тарафи масъала, аммо даво-дав барои таҳия кардани он мушкили асосӣ ба ҳисоб мерафт. Чанд талаботи калидӣ буд, ки бидуни он гузориш ба эфир роҳ намефт: мавҷудиятиПродолжить чтение «“Рақамҳои “гургшинос” лозим”»

«Гапи кӣ мегузарад?»

Хутик (харбача, бачаи хар)-ро «облава» мекунанд. Хари бечора бо дидаи шашқатор назди шер меравад. «Ту шоҳи ҳайвонот ҳастӣ, ягона умедам ба ту аст, бачаи маро озод кун»,-илтиҷо мекунад хар. Шер баъди се соат баргашта, бо таасуф мегӯяд натавонист коре анҷом бидиҳад. Хар ончунон бо алам ҳангос мезанад, ки садояшро дар дуртарин гӯшаи ҷангал мешунаванд. Буз,Продолжить чтение ««Гапи кӣ мегузарад?»»

«Ман 2 гирифтанӣ набудам»

Дар ҳамсоягии бобоям ҷавоне буд, ки бародаронаш аз содагии ӯ ва лакнати забонаш истифода бурдаву ба масхарааш мекашиданд. Саводи хубе ҳам надошт. Як рӯз бародари калонаш мегӯяд, «рӯзномаатро биёр, канӣ баҳоҳоятро бинем». Бародараш ба баҳоҳои ӯ нигариставу бо тундӣ мепурсад: «Чаро ду гирифтӣ?» Дар ҷавоб мегӯяд: «Ххххххудо бббббзанннам, ма гггггирифтанӣ ннннабудам, мммммаълим хххудаш дод»…

Создайте подобный сайт на WordPress.com
Начало работы