“Рақамҳои “гургшинос” лозим”

Дар радиои “Имрӯз” кор мекардем. Давоми як соат се гузориш ва як нашри хабарӣ дар эфир пахш мегардид. Талабот ба навиштани гузоришҳо хеле ҷиддӣ буд. Пайдо кардани мавзӯъ як тарафи масъала, аммо даво-дав барои таҳия кардани он мушкили асосӣ ба ҳисоб мерафт. Чанд талаботи калидӣ буд, ки бидуни он гузориш ба эфир роҳ намефт: мавҷудияти садо, тавозун ва коршинос. Пайдо кардани садои ду ҷониб дарди ба хайр, аммо баъзан пайдо кардани коршинос хеле душвор буд.

Ҳар хабарнигор масъули соати муайян буд ва мебоист ҳадди аққал ним соат қабл аз эфир, гузоришаш омода мешуд. Талаботе, ки хеле кам риоя мегардид ва баъзан дар лаҳзаи охир гузориш танзим ва ба компютери эфир гузошта мешуд. Бояд бигӯям, ки хабарнигорон гузоришро навишта, ба продюсер (сардабир) пешниҳод мекарданд. Пас аз таҳрир, онро дар студия мехонданд, садои худу мусоҳибонро “тоза” карда, пасон онро танзим ва дар эфир мегузоштанд.

Он замон “Имрӯз” ба як мактаби рӯзноманигорӣ шабоҳат дошт. Бар иловаи чанд нафаре, ки қаблан таҷрибаи кор дар расонаҳоро доштанд, аксар донишҷӯёни риштаи рӯзноманигорӣ ва факултаҳои дигар буданд. Чанд нафар ҳаваскоре ҳам омаданд, ки ба журналистика ягон рабте надоштанд. Ва барои ҳамаи онҳо имконияти “худро санҷидан” дода мешуд ва гузориш таҳия мекарданд. Хушбахтона аз ин миён чанд нафар дар журналистика ном ёфт. Як рӯз шунавандае занг зада гуфт, ки дар кадом як минтақаи Хатлон (агар хато накунам, Балҷувон) гург ба деҳае ҳамла карда чанд гӯсфандро даридааст. Яке аз ҳамкорони навроҳи мо хоҳиш кард, ки ин мавзӯъро ӯ пайгирӣ кунад. Рақами чанд сокини он русторо пайдо кард ва садояшонро дар бораи он ҳодиса сабт намуд, бо масъули бахши муҳити зисти минтақа низ суҳбат кард. ВА чун мо ҳамеша ба вуҷуди коршинос таъкид мекардем, назди ман, ки бар иловаи хабарнигорӣ масъулияти продюсерӣ ҳам доштам, омада пурсид: “Ака, гузориши ман қариб омода аст, фақат як рақами гургшинос лозим, тамом”….

Оставьте комментарий

Создайте подобный сайт на WordPress.com
Начало работы