Андар баёни насиҳатгароӣ ва гиллаҳои “амалгари забони тоҷикӣ”-и Вавилон мобайл

Аз миёни ширкатҳои мобилии фаъоли Тоҷикистон ба ман “Вавилон-М” писандидатар аст. Фикр мекунам, дар қиёс ба ширкатҳои дигар ба меъёрҳои инсонӣ ва корӣ содиқтаранд. Аммо…

Ҳафтае нест, ки як-ду ва ҳатто бештар аз ин паёмаки огоҳкунанда дарёфт накунам. Дар ин паёмакҳо, ки бо русӣ ирсол мешаванд, таъкид мешавад, ки барои фаъол нигоҳ доштани сим-кортам “барои бақайдгирӣ бо шиносномаи намунаи соли 2014 ба наздиктарин маркази хизматрасонӣ”- и “Вавилон-М” биравам. Дирӯз ба рақаме, ки дар ин паёмак нишон дода шудааст (2006) тамос гирифтам. Маъмулан, кормандони марказҳои тамос ё “call center”-ҳо, ки худи ширкат онҳоро “амалгар” мегӯяд, одамони хушмуомила ҳастанд ва ҳарфи зиёдатӣ намегӯянд, пурсидед, ҷавоб медиҳанд ва бо ҳамон меҳрубонӣ хайрухуш мекунанд. Аммо ба бахти ман, дирӯз як “амалгари забони тоҷикӣ”-и хеле “сергап”-у “насиҳатгар” афтид.

Вақте гуфтам, ки дар паёмак гуфта шудааст, ки бо шиносномаи намунаи 2014 барои бақайдгирӣ биёед, ман бо ин шиноснома як бор ба қайд гирифтаам, чаро дубора бояд ин корро кунам?” аз талаботи замони муоссиру суботу осоиштагиву гузаштани давраи қоғазу ниёз ба маълумоти электрониву ким чиҳои дигар ҳарф задан гирифт. Вақте хостам фаҳмонам, ки агар ҳадаф шиносномаи намунаи нав аст, пас ман 2 соли дигар фурсат дорам, гузашта аз ин агар ҳадафи иваз кардани паспорт танҳо барои сим-кортҳо бошад, шояд ман ин корро пас аз ду сол ҳам анҷом намедиҳам…

Аммо боз ҳам риштаи суханро ба даст гирифту паст наомад. Маро бо он муттаҳам кард, ки “ба шахсияташ расидам”. Гуфтам, ки ман ҳамеша Шумо гуфта муроҷиат кардам, садоямро ҳам баланд накардам, чӣ тавр ба шахсият расидам?” Гилла кард, ки гапашро гӯш намекунаму суханашро мебурам. Гуфтам, аввалан шояд гапи шумо дар ним соат ҳам тамом нашавад, ман ин қадар фурсат надорам, баъдан аслан ман муштарии ширкат ҳастам, бояд ҳарфи худамро бигӯям, шумо бояд маро гӯш кунед. Аммо гуфт, ки “ман ҳақ дорам, ки туро гӯш накунам”. Гуфтам агар ин тавр аст, пас суҳбат кардани мо ҳеч маъние надорад ва гуширо қатъ кардам…

Оставьте комментарий

Создайте подобный сайт на WordPress.com
Начало работы