Андар баёни “банкоматҳо”-и бепул ва “вайрон”-и Амонатбонк

Чанд рӯз аст ки банкоматҳои бинои асосии Амонатбонк кор намекунанд. Муштариёне, ки барои гирифтани пул инҷо меоянд, бо дасти холӣ бармегарданд. Дар ягон ҷо (на дар девору дарвоза ва на дар назди банкоматҳо) навиштае нест, ки аз кор накардани онҳо (дар бинои асосӣ ду банкомат мавҷуд аст, яке дар берун ва дигари дар долони бино) хабар диҳад (дар мавриди узр пурсидан чизе намегӯем, зеро то ҷое ки ман медонам дар Тоҷикистон ягон муассисаи молиявӣ (бо истиснои Алиф) барои мушкилиҳояшон аз муштариёни худ узр напурсидаанд, баръакс ҳатто маломат ҳам мекунанд).

Шояд сабаби кор накардани банкоматҳо ба таъмири зоҳирии бино марбут бошад, аммо тавре гуфта шуд, дар ҳеч куҷо (ҳадди ақал то шоми дирӯз, 21.07.20) огоҳинома ва ё навиштаҷоте дар ин бора нест. Нафароне ки ба бинои асосӣ меоянд, маҷбуранд дар ҷустуҷӯи банкомати дигар масофаи тӯлониро тай намоянд.

Мушкили банкоматҳои Амонатбонк танҳо бо оғози таъмир дар бинои асосии он шурӯъ нашуд, балки ҳамеша мавҷуд буд. Ҳоло танҳо ба ду мушкили асосӣ таъкид мекунем:

  1. Банкоматҳои Амонатбонк на ҳамеша пул доранд ва зиёд мушоҳида мекунем, ки одамон пушти ин банкоматҳо дурудароз навбатпоӣ мекунанд ва билохира бидуни пул ба хона бармегарданд;
  2. Суръати кори ин банкоматҳо мушкили дигар аст. Ё банкоматҳои Амонатбонк куҳна ҳастанд ё аз истифодаи зиёд хароб шудаанд, ки бо таъхир амалиётро анҷом медиҳанд. Як нафар барои гирифтани пул дақиқаҳои зиёдеро масраф мекунад (агар суръати банкоматҳо хуб бошад, кори муштариён ҳам зудтар ҳал мешавад ва навбатпоӣ низ камтар).

“Бо тақозои замон” ором-ором ҳамаро ихтиёриву гоҳо маҷбурӣ ба гирифтани корт маҷбур кардем. Махсусан, бознишастаҳо (нафақахӯрҳо)-ро. Гуфтем, ин кори онҳоро осон мекунад. Аммо оё чунин шуд? Ҳар моҳ вақте пул ба ҳисоби корт мегузарад, онҳо маҷбуранд, мисли кормандони соҳаи буҷавӣ барои гирфтани пул ба суроғи банкоматҳо бираванд ва на ҳамеша банкомати пулдор ва дуруст пайдо мекунанд. Агар ҳадаф осонии кори мардум аст, пас бояд барои ин осонӣ чораҳои бештаре андешид.

Шояд масъулини бонк бигӯянд, ки муштариҳо якбора тамоми пули кортҳояшонро мегиранд, аз ин рӯ зуд пули банкоматҳо тамом мешавад ва як қисми дигари одамон наметавонанд пул бигиранд. Аммо як чиро фаромуш накунед, ки шумо бояд тамоми ин ҳолатҳоро аз қабл бидонед ва барои ба миён наомадани кадом мушкил бо муштариёнатон масъул бошед. Дуруст аст, ки одамон ҳамаи пули нафақа ва маоши худро ба якборагӣ мегиранд. Онҳо маҷбуранд ин корро кунанд, зеро давоми моҳ аз мағозаву ҳамсояву хешу табор қарз мегиранд ва вақте пулашон дар корт мегузарад онро гирифта ба қарздорҳо тақсим мекунанд…

Низоми ғайринақдӣ дар Тоҷикистон гумон аст, ки солҳои наздик ҳамагонӣ шавад. Дар пойтахт ва Хуҷанд шояд ин раванд каме суръат мегирад, аммо дар минтақаҳои дигар гумон аст, ки он фаъол шавад.

Гуфтаниҳо зиёданд, аммо тавре бобоҳоямон мегуфтанд: “Ба доно як ишора бас аст”…    

Оставьте комментарий

Создайте подобный сайт на WordPress.com
Начало работы