Хоҳиш аз ширкатҳои таксӣ: Ронандаҳои “Тангем” ва тракторчиҳоро ба кор нагиред!

 “Тангем”-у “тангемсавориҳо” ёдатон ҳаст? Ронандаҳо барои мусофир бо ҳам сабқат мекарданд. Дар дилхоҳ ҷой меистоданд, одам савор мекарданд, одам мефароварданд. Қоидаи маҳдудияти суръатро риоя намекарданд. Сабаби “пробка” мешуданд. Бо фаҳштарин алфоз мусофирон, ронандаҳо ва ҳар каси дигарро дашном медоданд. Вақте мақомот барои аз хизматрасонии мусофиркашонӣ берун кардани онҳо тасмим гирифт, ҳама оҳи сабук кашид. АММО ба назар мерасад, аксари ронандаҳои “Тангем” ҳоло дар ширкатҳои таксӣ ба кор даромадаанд…

Дар мавриди “таксиҳои 5-сомона” сухан кардан ҳоҷати гап нест. Онҳо ғайриқонунӣ фаъолият мекунанд ва шиква кардан аз онҳо ба як кори беҳуда монанд аст. Аммо ширкатҳои расмӣ, ки шумораашон дар Душанбе хеле зиёд аст ва ҳамарӯза боз як ширкати нав ба майдо меояд, мебояд каме дар мавриди эътибори худ андеша кунанд. Зиёд шоҳид шудаем, ки ронандаҳои ширкатҳои расмии хадамоти таксӣ мисли собиқ ронандаҳои “Тангем” рафтор мекунанд. Сабаби “пробка” мешаванд, дашномҳои болохонадор мекунанд ва дар ҳар куҷо, ки дилашон хост, меистанду мусофир меҷӯянд. Дуруст аст, ки онҳо бояд ба асоси дархости шаҳрвандон тавассути хадамоти хизматрасонии худ бояд мусофиронро пайдо кунанд, аммо зиёд дидаем, ки ронандаҳо дар миёни роҳ истода аз мошин берун мешаванд ва бо доду фарёд “Саховат”, “18”, “Ваҳдат”… мегӯянд. Агар бо ин амалашон ба дигарон халал нарасонанд, касе корашон надорад, аммо чӣ мегӯед, ки ин тавр нест.

Барои он ки нагӯед, ин ҳама гапҳои беҳуда аст, як мисол меоварам (танҳо ронандаҳои ширкате, ки мошинаш мисол оварда мешавад, чунин рафтор надоранд, тақрибан дар ҳар ширкат чунин ронандаҳоро мешавад, вохӯрд).

Рӯзи гузашта ронандаи таксии мансуб ба ширкати “Олуча” дар ҷое истода мусофир меҷӯст, ки ба ҳаракати воситаҳои нақлиёт халал мерасонд. Гузашта аз ин вақте ӯро мегуфтанд, ки роҳро холӣ кунад, дашном ҳам мекард.

Масъулини ширкатҳои хадамоти таксӣ бояд қабл аз он ки ронандаеро тавассути шартнома ба кор қабул мекунанд, бояд ба онҳо фаҳмонанд, ки рафтори номуносиби ӯ пеш аз ҳама ба ширкат таъсири манфӣ мерасонад. Ва дар шароити имрӯз вақте як ширкат эътимоди мардумро аз даст медиҳад, гумон аст, дубора соҳибэътибор гардад. Ҳоло дар бозор рақобат хеле ҷиддӣ аст ва мардум ба осонӣ метавонанд аз баҳри ширкате, ки ронандаҳояш ба онҳо эҳтиром надоранд, бароянд. Ба қавли мардум “як дари баставу сад дари кушода”. Ё нодуруст гуфтам?          

Оставьте комментарий

Создайте подобный сайт на WordPress.com
Начало работы