Бахил ҳам «Бахилак» шуд

Мардуми мо ба ҳар чизе пайванди «ак»-у «ча»-ро мечаспонанд. Ҳамин аст, ки хирс «хирсак»-у буққа «буққача» мешавад. Ва танҳо ҷизҳову ҳайвонҳо нестанд, ки ин ду бандакро соҳиб мегарданд. Ба исми одамон низ пайванд додан яке аз одатҳои ҳамешагии мо аст. Аҷибаш он аст ки бештар ба одамони шинохта онро мечаспонанд. Бештар ба исми овозхонҳо. Солҳое ки мактаби миёна таҳсил мекардем, дар минтақаи мо як овозхон хело маъруф шуда буд. Ӯро Аскарча мегуфтанд. Аммо вақте дар «Занги охирин»-и хатмкунандаҳои мактаб (он замон ин маърака бодабдаба ҷашн гирифта мешуд) оварданд, дидем, ки як одами қадбаланд будааст.

Шумо ҳам хотироте доред?

Оставить комментарий

Создайте подобный сайт на WordPress.com
Начало работы