Бозгашти ҳамаи мо ба сӯи Ӯст!

Абдуллоҳ Раҳмон, падари дӯст, бародар ва ҳамсабақи хеле гиромии мо – Фазлуллоҳ Раҳмонов даргузашт. Хабари хеле дарднок ва такондиҳанда…

Худованд ҷойи падари азизро ҷаннат бигардонад ва ба дӯсти мову тамоми пайвандону наздиконаш сабри ҷамил ато фармояд!

Абдуллоҳ Раҳмон аз тоҷиконе буданд, ки умри худро барои ҳифзи забони тоҷикӣ дар Узбекистон сипарӣ намуданд. Даргузашти ӯ бешак барои тамоми тоҷикзабонони ҳамсоякишвари мо      

Маҳз бо талошҳои ӯ дар замони хеле душвор мактабҳои тоҷикӣ ҳифз шуданд. Умре муаллим буданд, умре шоир буданд ва умре барои асолати забони тоҷикӣ талош варзиданд.

Соли сипаришуда ду маротиба барои табобат Тоҷикистон омаданд. Ҳар вақт ки барои аёдат мерафтем, мавзӯи аслии суҳбати эшон забони тоҷикӣ буд. Чизе ки зиёд боиси хурсандиашон буд, беҳтар шудани вазъи забони тоҷикӣ дар Узбекистон пас аз соли 2017 ва чизе ки зиёд нороҳаташон мекард, забони хароби таблиғоту шиорҳои таблуҳои Тоҷикистон буд.

Сад дареғ, ки натавонистем бештар ба дидорашон биравем ва бештар аз суҳбатҳояшон барҳра бигирем. Дареғ, ки забони тоҷикӣ аз як пуштибони қавӣ маҳрум гардид. Дареғ…

Чӣ навиштанамро намедонам, ҳарфҳои зиёде барои гуфтан ҳаст, аммо ҳама чӣ ба ҳам даромехтаанд. Аз чӣ оғоз кардану бо чӣ анҷом додани суханро намедонам.

Парвардигоро! Бандаатро, ки ба сӯят баргашт дар беҳтарин минтақаи биҳишт мақом бидеҳ! Худат бузургу тавоно ва доно ҳастӣ!

Оставьте комментарий

Создайте подобный сайт на WordPress.com
Начало работы