Соли 2020. Одамон интизораш буданд. Аз рақамҳояш фоли толеъи баланд мезаданд… Бовар мекарданд, ки дунё дигар мешавад… ва шуд. Шуд!Дигар Парижу Риму Ню Йорк қувваи ҷозибаи худро гум кардаанд,мардум барои дидани Садди бузурги Чин ва шоҳкориҳои Дубайнамешитобад. Ҳатто Маккаю Мадина холӣ шудаанд.Варзишгоҳҳои бузург беодам, кӯчаю хиёбон беодам, боғу гулгаштбеодам… Оғӯшгирию бӯсобӯсӣ хатарзо шудаву саломи дастПродолжить чтение «2020, коронавирус, ниқоб ва маргу шодӣ»
Архивы автора:fonustj
Ковид-19 меравад то баргардад? Чанд пурсиши интизори посух
Шукр Парвардигорро, ки он ҳама вас-васаву воҳимаву оммавӣ дорухонадавию орду картошкахарӣ хатм шуд. Зиндагӣ мисле ки ба маҷрои қаблӣ бармегардад (ҳарчанд пас аз эълони мавҷудияти коронавируси нав дар кишвар ҳам дар деҳаҳо ҳама чӣ маъмулӣ буд. Одамон бо ҳам оғуш мекушоданд, гуруҳ-гуруҳ дар кӯчаҳо менишастанду ба қавли худашон чақ-чақ мекарданд). Ҳоло вазъи куруноӣ то ҳаддеПродолжить чтение «Ковид-19 меравад то баргардад? Чанд пурсиши интизори посух»
Хурсандам ки касе маро ба Рӯзи озодии баён табрик нагуфт!
Дирӯз, 3 май касеро ба Рӯзи озодии баён табрик накардам ва хушбахтона касе ҳам маро ба ин рӯз шодбош нагуфт. Далеле барои табрик кардани ҳамкасбон наёфтам ва фикр мекунам ҳамқаламон ҳам ҳамин тур… Дилам ба ёди хабаргузории “Озодагон” таҳ кашид, ки дирӯз мавлуд дошт. Ҳарчанд умри тӯлонӣ надид, аммо хотироташ ҳеч гоҳ аз мағзам зудудаПродолжить чтение «Хурсандам ки касе маро ба Рӯзи озодии баён табрик нагуфт!»
Дар бораи КОВИД-19, шаффофият ва “Фабрикаи ҷавоб”
Агар интихоботҳо шаффоф набошанд хеле бад аст, аммо фоҷиа нест, агар омори иҷро шудани нақшаи картошкаву кадуву бодиринг шаффоф набошад, мусибат нест, аммо агар вазъи воқеии сироятёбӣ ва паҳншавии КОВИД-19 шаффоф набошад, метавонад сабаби фоҷиа ва мусибати бузург шавад… Исми Тоҷикистон дар таърихи башар ҳамчун кишвари озод аз коронавируси нав сабт намешавад. Аммо имкон дорад,Продолжить чтение «Дар бораи КОВИД-19, шаффофият ва “Фабрикаи ҷавоб”»
Картошкабазм. Ҷаҳон дар ғами куруно, мо дар ғами “катшка”
Бори аввал нест, ки дар Тоҷикистон “нони дуввум” ба мавзӯи рақами аввал табдил мешавад. Боре барои як миллион тонна ҳосил бардоштан, боре барои камчин шуданаш дар бозор, боре барои соҳиби ид гардидан ва чанд маротиба барои гарон шудани нарх картошка сари забони хосу ом гардидааст. Ва ин шабу рӯз ҳам сабаби ахир картошкаро ба қаториПродолжить чтение «Картошкабазм. Ҷаҳон дар ғами куруно, мо дар ғами “катшка”»
«Ҳамин»-ро ҳам аз Далер гирифтанд…
Чанд моҳ пас аз он ки Далер Шарифов аз телевизиони “Сафина” бо “хоҳиш”-и худ аз кор рафт, як коргардони шинохтаи ин шабака ӯро дар роҳ дида мепурсад: “Ҳоло дар куҷо кор мекунӣ?” Далер дар посух мегӯяд, ки “ҳоло бекор”. Коргардон бадоҳатан таъкид мекунад: “Эҳтиёт кун, ки ҳаминашро ҳам нагиранд”. Ва билохира ҳаминашро ҳам аз ДалерПродолжить чтение ««Ҳамин»-ро ҳам аз Далер гирифтанд…»
Чаро маҷбурем, “то гунҷишкҳо сари нигас”-и Тселро “навозиш» кунем?
Як дӯсти хубе дорам. Одамгариаш ба қавле “ба хироҷи як мамлакат меарзад”. Панҷ панҷааш ҳунар аст – бар иловаи ихтисоси аслӣ (наменависам, то зуд ошкор нашавад)))), заргарӣ, паррандапарварӣ, тиҷорат ва чанд кори дигарро хуб уҳда мекунад. Аммо як камбудии ҷиддӣ дорад: агар аз чизе ё касе асабӣ шуд, он қадар дашном мекунад, ки беҳисоб. ВаПродолжить чтение «Чаро маҷбурем, “то гунҷишкҳо сари нигас”-и Тселро “навозиш» кунем?»
Як бому ду ҳавои “фазои каронавирусӣ”: масҷидҳо дарбаста, консертҳо фаровон
Сабқати бодабдабаи гуштии миллӣ ва чанд консерти идона дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон феҳристи нопурраи чорабиниҳои оммавии шаҳри Душанбе ҳастанд, ки дар бахшҳои рекламаи радио ва телевизион пай дар пай таблиғ мешаванд. Ин ҳама дар ҳоле ки ҷаҳонро “воҳима”-и каронавирус зер кардаву Созмони ҷаҳонии беҳдошт пандемия эълон кард. Ва боз ин ҳам дар пасманзари иқдомҳои ахирПродолжить чтение «Як бому ду ҳавои “фазои каронавирусӣ”: масҷидҳо дарбаста, консертҳо фаровон»
Бозгашти ҳамаи мо ба сӯи Ӯст!
Умре муаллим буданд, умре шоир буданд ва умре барои асолати забони тоҷикӣ талош варзиданд.
28.01-28.02. СӢ РӮЗИ ДАР ОЗОДӢ НАБУДАНИ ДАЛЕР
30 рӯз аст, ки Далер Шарифов, дӯст ва ҳампешаи рӯзноманигори ман дар озодӣ нест. Тақрибан соатҳои 10-и 28 январ ба ман тамос гирифта гуфт, ки барои як суҳбат даъват шудааст. Ва ин суҳбат тавре огоҳ ҳастем ду моҳ ҳабси пешакии вайро дар пай дошт. Ӯ дар замоне боздошт шуд, ки Тоҷикистон ба ду маъракаи бузургиПродолжить чтение «28.01-28.02. СӢ РӮЗИ ДАР ОЗОДӢ НАБУДАНИ ДАЛЕР»