Рушди бармаҳали кӯдак: мушкилот ва дурнамо

«Мо мехоҳем намехоҳем ҳалли масъалаҳои марбут ба рушди барвақтии кӯдак бояд дар сатҳи иқтисодӣ ҳал гардида, дар доираи низоми маориф, тиб ва дастгирии иҷтимоӣ корҳои маҷмӯӣ сурат бигиранд, то самари маҷмуи он ба рушди барвақтии кӯдак таъсир расонида тавонад. Воқеан кӯдакон сарвати мо ҳастанд. Онҳо сармояи инсонӣ маҳсуб ёфта, баъди 20 сол захираҳои меҳнатӣ мегарданд».

САФАРБЕК КАБИРОВ 
АБДУЛАЗИЗ ВОСЕЕВ




Идрис ҳамагӣ панҷ сол дорад. Падараш бинобар набудани боғча дар маҳалли зисташон (ҷамоати Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ) Идрисро ба яке аз боғчаҳои шаҳри Душанбе овардааст, ки сабаби афзоиши хароҷотҳояш мегардад. Зеро бар иловаи пардохти маблағи моҳонаи боғча роҳкиро ҳам зам мешавад.

Раҳматулло Одинаев, падари Идрис мегӯяд, аз ҷалб кардани фарзандаш ба боғча розӣ аст, чунки  дар рушди зеҳнӣ ва инкишофи фарзандаш таъсири мусбате мебинад: муносибат бо калонсолон, хурдани хӯрок, риояи реҷаи хоб аз шумули онҳост.

Дар Тоҷикистон теъдоди кӯдакони то 6-сола ҳудуди 1 миллиону  700 ҳазор гуфта мешавад, вале фарогарии онҳо ба муассисаҳои томактабӣ ҳамагӣ 14 дарсадро ташкил медиҳад.

Ба иттилои Вазорати маориф ва илми кишвар, то охири соли 2019 дар ҷумҳурӣ 662 муассисаи томактабӣ бо фарогирии 102 ҳазору 175 кӯдак ва ҳамчунин 1 ҳазору 771 марказҳои рушди кӯдак бо фарогирии 49 ҳазору 700 нафар фаъолият намуданд. Соли 2019 ҳамагӣ 12 муассисаи томактабӣ сохта шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни ироаи паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ изҳор дошт, ки дар рустоҳо ҳар оила 4-5 фарзанд доранд, аммо аз набудани муассисаҳои томактабӣ ва толорҳои варзишӣ, ки ба рушди кӯдак мусоидат мекунанд, танқисӣ мекашанд. Бо бовари сарвари кишвар, муассисаи томакатабӣ дар ҷаҳонбинии кӯдак нақши муассир дорад.

Бар асоси “Барномаи давлатии рушди муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020” мебоист то соли 2019 дар ҳудуди кишвар 659 муассисаи хусусии томактабӣ сохта мешуд. Вале ҳамагӣ 95 муассисаи томактабӣ бо фарогарии 8,5 ҳазор кӯдак бунёд гардидааст, ки 11 дарсади нақшаи пешбиникардаи барномаро ташкил медиҳад. Бештари чунин муассисаҳо дар шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд бунёд шудаанд. Дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон, тобеи марказ ва ВМКБ иҷроиши ин барномаи давлатӣ қаноатбахш набудааст.

Соҳибназар Сафаров, сардори шӯъбаи таҳсилоти томактабӣ ва рушди барвақтии кӯдаки Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, дар ҳамаи шаҳру навоҳӣ вақте соҳибкорон барои сохтани муассисаҳои томактабӣ иқдом мекунанд, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳалӣ дастгирӣ мекунанд, лекин қитъаҳои заминро берун аз марказҳои шаҳру навоҳӣ ҷудо кардан мехоҳанд. Ба ин хотир соҳибкорон аз иқдоми худ даст мекашанд, зеро барои онҳо бунёди чунин муассисаҳо дар канори марказҳои шаҳру навоҳӣ манфиатовар нест.

Ба бовари Соҳибназар Сафаров, яке аз роҳҳалҳои ин мушкил чунин аст, ки мақомоти маҳаллӣ биноҳои бекорхобидаи марказҳои шаҳру ноҳияро ба муассисаҳои томактабӣ табдил диҳанд. Баргардонидани муассисаҳои томакатабие, ки айни ҳол дар ихтиёри дигар сохторҳо қарор дорад, аз дигар василаҳои ҳалли ин мушкил хоҳад буд.

Агар камбуди муассисаҳои томактабӣ як мушкилист, норасои мутахассисони ин соҳаи мушили дигар маҳсуб мешавад. Айни замон дар кишвар беш аз 10 ҳазор кормандони соҳаи таҳсилоти томактабӣ ҳастанд, вале ҳамагӣ 60 дарсади онҳо дорои таҳсилоти олии касбӣ мебошанд.

Дар ҳамин ҳол, Соҳибназар Сафаров — сардори шӯъбаи таҳсилоти томактабӣ ва рушди барвақтии кӯдаки Вазорати маориф ва илми кишвар мегӯяд, дар баробари фарогирии бештари кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ, зарурати бо кадрҳои хуби омӯзгорӣ таъмин намудани чунин муассисаҳо ба миён омадааст: “Айни замон дар донишгоҳу донишкадаҳои омӯзгории кишвар, факулта ё шӯъбаи таҳсилоти томактабӣ фаъолият мекунанд ва барои низоми таҳсилоти томактабӣ мутахассисонро омода месозанд.  Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи устод С. Айнӣ, Донишгоҳи давлатии ба номи Бобоҷони Ғафурови шаҳри Хуҷанд, Донишгоҳи ба нонӯми Носири Хисрави шаҳри Бохтар, Донишгоҳи давлатии ба номи Моёншоҳ Назаршоҳи ВМКБ, Донишгоҳи омӯзгории Рашт ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлоб ба номи устод Рӯдакӣ чунин факултаҳо фаъолият мекунанд”.

НАВОРИ КОМИЛИ СУҲБАТИ ҶАНОБИ САФАРОВРО ИНҶО ТАМОШО КУНЕД: https://www.youtube.com/watch?v=OnB05eKQPTA

Дастрасӣ ба китобу маводи таълимӣ яке аз мавзӯҳои калидӣ барои рушди барвақтии кӯдак маҳсуб мешавад. Ба иттилои Вазорати маориф ва илм, барои омодасозии дастурҳои методӣ ба кӯдакони гуруҳҳои томактабӣ дар назди Академияи таҳсилоти Тоҷикистон шурӯъ аз моҳи январи соли 2015 гуруҳи корӣ созмон дода шуд. Роҳбарии гуруҳи кориро академик, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Каримова Ирина Холовна ба уҳда дорад. Дар ин гуруҳ Бибиҳафиза Маҷидова, доктори илмҳои педагогӣ, профессор, Гулрухон Қурбонова, омӯзгори ДДОТ ба номи С. Айнӣ ва як мудири кӯдакистон шомил гардидаанд.

Аз Абдувоҳиди Зевар, муҳаррири нашрияи “Навниҳол” дар мавриди вазъи нашрияҳои бачагона суол кардем: “Айни ҳол дар Тоҷикистон ягон маҷалла ё нашрияе ки хос барои кудакони то 6-сола бошад, вуҷуд надорад. Аммо маҷаллаҳое ҳастанд, ки дар дохилашон барои кӯдакони то синни мактабӣ ё онҳое ки ба боғча мераванд, гӯшаҳо вуҷуд доранд. Яке аз онҳо замимаи маҷаллаи “Чашма” — “Офтобак” ҳаст, ки бо се забон чоп мешавад. Боз чанд рӯзнома ва маҷаллаҳои дигар, монанди  “Зангӯла”, “Навниҳол”, “Булбулакон”, “Боғи дониш”, “Сомониён”, “Анбоз” ҳастанд, ки дар дохилашон гӯшаҳое барои кӯдакони то сини мактабӣ ва барои волидон, яъне кӯдакони то сини мактабӣ, ки худашон хонда ва навишта наметавонанд, бо падару модаронашон ва мурабиёнашон метавонанд, ки баъзе маводе ки барои онҳо зарур аст ва барои тарбияи онҳо муфид аст, аз онҷо истифода баранд ва ҳамроҳ бо кӯдакон машқ кунанд, монанди тезгӯяку чистон, афсона ва дигар чизҳое ки барои рушди барвақтии кӯдак муфид аст”.

Сарредаксияи энсиклопедияи тоҷик чандин китобу донишномаҳоеро барои кӯдакон таҳия кардааст. Некрӯз Сафаров, мудири редаксияи энсиклопедияи кӯдак мегӯяд, ҳинни таҳияи китоб синну соли хонандаҳо ба инобат гирифта мешавад. Дар як саҳифа чӣ қадар матн бошад ва ҳатман тасвир бояд ҷой гардад. Ҳаҷми ҳуруф бояд калонтар бошаду ҳарфҳо бо рангҳои ҷолибу диданбоб навишта шаванд, то таваҷҷуҳи кӯдакон ҷалб гардад.

Дар шӯъбаи таҳияи донишномаҳои кӯдакон ва наврасони Саредаксияи энсклопедияи милли  тоҷик дар ду нашр донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон таҳия ва нашр шудааст. Инчунин барои кудакони синни томактабӣ маҷмӯе бо номи  “Шинохт ва ёдгирӣ” ба дасти чоп расидааст.

НАВОРИ КОМИЛИ СУҲБАТИ НЕКРӮЗ САФАРОВРО ИНҶО ТАМОШО КУНЕД: https://www.youtube.com/watch?v=W0xKxekE6Ss

-Оянда аз он вобаста аст, ки насли хурдсоли ин миллат чи гуна тарбия мешавад. Ҳар чи қадар кӯдаконро ба омӯзиш фаро гирем, ба он маъност, ки дар санг хотира менависем. Чунки кӯдак хотираи қавӣ дорад,-таъкид мекунад Некрӯз Сафаров.

Қариб 50 дарсади китобҳо дар ҷаҳон барои кӯдакон пешбинӣ шудаанд. Донишномаҳои кӯдакона китобҳое ҳастанд, ки ҷаҳони иҳотакардаи кӯдакро ба ӯ ошно месозанд. Ин китобҳои ёридиҳанда ҳастанд. Ҳар қадар ки кӯдак зина ба зина бузург шудан мегирад, мехоҳад дар бораи ҳар ончи ки дар атрофаш ҳаст, маълумот дошта бошад. Бинобар ин, аз атрофиён суол мекунад. Ба ин хотир донишномаҳои кӯдак барои шиносонидани муҳити атроф ба кӯдак ва додани донишҳои ибтидоӣ ёрӣ мерасонад.

Рушди бармаҳали кӯдак дар ҷомеаи ҷавони Тоҷикистон яке аз мавзӯъҳои муҳим ба ҳисоб рафта, таваҷҷуҳи хосро тақозо дорад. Аммо мушкилҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷойдошта барои ҳалли масъали мазкур монеа эҷод менамояд. Шодибек Қодиров, роҳбари созмони “Молия ва маориф” мегӯяд, рушди барвақтии кӯдак маҳфуми маҷмӯӣ буда, ҷанбаҳои тиббӣ, маърифатӣ ва рушди ҷисмониро фаро мегирад. Аммо ба бовари ҷаноби Қодиров, дар Тоҷикистон ба рушди барвақтии кӯдак омилҳои иқтисодӣ таъсиррасон аст. Аз ҷумла даромаднокии аҳолӣ, вазъи иқтисодии хонаводаҳо, ҳамчунин имкониятҳо барои тарбия таълим ва беҳдошти саломатӣ.

-Бинобар ҳамин мо мехоҳем намехоҳем ҳалли масъаллаҳои марбут ба рушди барвақтии кӯдак бояд дар сатҳи иқтисодӣ ҳал гардида, дар доираи низоми маориф ва тиб ва дастгирии иҷтимоӣ корҳои маҷмӯӣ сурат гирифта самари маҷмуи он ба рушди барвақтии кӯдак таъсир расонида тавонад. Воқеан кӯдакон сарвати мо ҳастанд. Онҳо сармояи инсонӣ маҳсуб ёфта, баъди 20 сол захираҳои меҳнатӣ мегарданд. Дилхоҳ давлат манфиатдор аст, ки сифати қувваи кориаш хуб, маҳсулнокӣ баланд бошад. Ба ин восита дар истеҳсоли мол ва хизматрасонӣ рушди давлату кишвар бояд хизмати зиёд кунад. Бинобар ин, ба рушди барвақтии кӯдак ҳамчун сармоя барои оянда ва рушди давлат нигоҳ бояд кард.

НАВОРИ КОМИЛИ СУҲБАТИ ШОДИБЕК ҚОДИРОВРО ИНҶО ТАМОШО КУНЕД: https://www.youtube.com/watch?v=BbAn9263yAo

Бинобар сабаби онки ҳама имконияти бурдани фарзандашро ба боғча надорад. Масъулияти падару модар бештар мегардад то дар шароити хона дар рушди барвақтии кӯдак саҳим бошанд. Назархудо Дастамбуев, директори барномаҳои таҳсилотӣ, ҳунар ва фаъолиятҳои иҷтимоӣ дар Институти “Ҷамъияти Кушода” Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мегӯяд, аз 100 кӯдак 86 нафари он имкони ба боғча ва муассисаҳои томактабӣ рафтанро надорад. “Ин рақам боиси таасуф аст. Ҳоло тасаввур кунед, ки агар ҳамин 86 кӯдак дар хонаводаҳо бошанд, чӣ гуна фаъолиятҳоро бо онҳо мешавад анҷом дод? Қаблтар аз ҳама бояд падару модар ба барномаҳои махсусгардонидашуда дар мавзӯи омӯзиши барвақтии кӯдак равона карда шаванд. Дар чорчӯби барномаҳои таҳсилотии Институти “Ҷамъияти Кушода” Бунёди мадад дар Тоҷикистон як зумра барнома ва лоиҳаҳое ҳастанд, ки махсус ба шеваҳои омода намудани волидон ё онҳое ки саробони кӯдак мебошанд, нигаронида шудаанд. Яке аз ин лоиҳаҳо “Омӯзиши падару модар” ном дорад. Иштирок дар ин лоиҳа, ки аз 3 то 6 моҳро дар бар мегирад, комилан ройгон мебошад”,-изҳор дошт ӯ. Ба гуфтаи Дастамбуев, тамоми маводи дар доираи лоиҳа пешниҳодшаванда бо забони тоҷикии ноб тарҷума шудаанд ва бисёр соддаву равон ҳастанд:

“Мо медонем, ки омӯзиши барвақтии кӯдак умуман аз батни модар шурӯъ мешавад. Бинобар ин падару модар ҳар қадар беҳтар омода бошанд, ҳамон андоза беҳтар аст. Ба онҳо фаҳмонида мешавад, ки дар муносибату муомила бо якдигар ва бо кӯдаконашон чӣ гуна бояд амал намоянд. Ин лоиҳа дар тамоми қаламрави Тоҷикистон амалӣ мешавад. Дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми кишвар Марказҳои инкишофи кӯдак таъсис дода шудааст. Инчунин бо Бунёди Юнисеф ва Бунёди Оқохон низ дар ин самт ҳамкорӣ дорем. Фаъолияти мо аз он иборат аст ки давраҳои бозомӯзии махсусгардонидашуда доир месозем. Маводи омӯзишӣ бо забони тоҷикӣ мебошад ва ҳар маркази инкишофи кӯдак ё маъмурияти ноҳияҳо агар хоҳиши ҳамокорӣ бо моро дошта бошанд, дархост пешниҳод мекунанд ва раёсат онро баррасӣ намуда, барои татбиқ иҷозат медиҳад”.

НАВОРИ КОМИЛИ СУҲБАТИ ҶАНОБИ ДАСТАМБУЕВРО ИНҶО ТАМОШО КУНЕД: https://www.youtube.com/watch?v=KciZrJyU-6o

Барои он ки маълум шавад, волидон зери мафҳуми рушди барвақтии кӯдак чиро мефаҳманд ва чӣ таърифе барои он доранд, дар кӯчаву хиёбонҳои Душанбе назарсанҷие анҷом додем. Ба ҳар нафар се савол пешниҳод кардем: дар бораи рушли барвақтии кӯдак чӣ медонед, розӣ мешавед, ки кӯдаки то 3-солаи худро ба боғча супоред ва бо кӯдакони то 6-солаи худ дар хона чӣ машғулиятҳо мегузаронед. Посухҳоро дар навори зер бубинед:

ФОҶЕА (ҳикояи асри нав)

Замони қазои ҳоҷат вақте бо шавқ аксҳои духтарони зеборо дар фейсбук тамошо мекард ва ба нозанинтарҳояш дархости дӯстӣ мефиристод, ногоҳ чашмаш ба хабари фармонҳои президент афтод. Вақте миёни вазирони аз вазифа сабукдушшуда ному насабашро дид, ..ид ва дилаш аз кор монд.
Ӯ дар бордон (тележка)-и трактор ба дунё омада буд. Вақте раҳматии модари колхозчиашро ҳангоми ҷамъоварии юнучқа дард гирифт, бригадир ба ронандаи трактор амр дод, ба беморхонааш баранд. Аммо дар ними роҳ болои юнучқаҳо таваллуд кард. Дар трактор зоида шуд ва дар ҳоҷҷатхона фавтид…

Бахил ҳам «Бахилак» шуд

Мардуми мо ба ҳар чизе пайванди «ак»-у «ча»-ро мечаспонанд. Ҳамин аст, ки хирс «хирсак»-у буққа «буққача» мешавад. Ва танҳо ҷизҳову ҳайвонҳо нестанд, ки ин ду бандакро соҳиб мегарданд. Ба исми одамон низ пайванд додан яке аз одатҳои ҳамешагии мо аст. Аҷибаш он аст ки бештар ба одамони шинохта онро мечаспонанд. Бештар ба исми овозхонҳо. Солҳое ки мактаби миёна таҳсил мекардем, дар минтақаи мо як овозхон хело маъруф шуда буд. Ӯро Аскарча мегуфтанд. Аммо вақте дар «Занги охирин»-и хатмкунандаҳои мактаб (он замон ин маърака бодабдаба ҷашн гирифта мешуд) оварданд, дидем, ки як одами қадбаланд будааст.

Шумо ҳам хотироте доред?

Расскажите о себе (пример публикации)

Это пример публикации, которая первоначально была размещена на сайте «Университет блогинга». Станьте участником одной из десяти программ и начните свой блог правильно.

Сегодня вы опубликуете запись. Не переживайте о том, как выглядит ваш блог. Не переживайте, если у него до сих пор нет имени или вы пока не понимаете, что делать. Просто нажмите кнопку «Новая запись» и расскажите, зачем вам блог.

Почему нужно это сделать?

  • У ваших читателей будет контекст. О чем ваш блог? Зачем им его читать?
  • Это поможет вам сосредоточиться на своем представлении о блоге, и на том, что вы хотите из него сделать.

Запись может быть длинной или короткой, рассказывать о вашей жизни или о миссии блога, служить манифестом или быть простым описанием того, что будет появляться в блоге.

Вот несколько вопросов, которые помогут вам начать:

  • Почему вы ведете публичный блог, а не личный дневник?
  • О каких темах вы будете писать?
  • Кого может объединить ваш блог?
  • Чего вы хотите достичь при условии, что будете публиковать записи в течение следующего года?

Вы ни к чему не привязаны. Одна из замечательных особенностей блогов заключается в том, что они постоянно эволюционируют, пока мы учимся, растем и общаемся. Тем не менее полезно знать, с чего и почему вы начинаете. Кроме того, сформулировав цели, вы сможете задать направление для будущих публикаций.

Не знаете с чего начать? Просто напишите первое, что придёт в голову. Анна Ламот, автор хорошей книги о писательском мастерстве, советует разрешить себе написать «первый отвратительный черновик». Это отличная мысль: просто напишите что-нибудь, а отредактировать можно будет потом.

Когда вы будете готовы опубликовать запись, укажите 3–5 тегов, которые лучше всего описывают тему вашего блога, например писательство, фотография, художественная литература, воспитание детей, еда, автомобили, фильмы, спорт. Эти теги помогут другим заинтересованным в этих темах пользователям найти вас в «Чтиве». Кроме того, укажите тег «zerotohero», по которому вас смогут найти другие начинающие блогеры.

Создайте подобный сайт на WordPress.com
Начало работы