Президентӣ дар Қирғизистон. Масъулияти пурхатар?

«Ман намехоҳам дар таърихи Қирғизистон ҳамчун раиси ҷумҳуре дар ёд монам, ки хуни шаҳрвандони худашро рехтааст». Ин нукта аз изҳороти Сооронбой Ҷээнбеков, президенти Қирғизистон аст. Ӯ пас аз эътирозҳои оммавии мардум билохира аз мақомаш истеъфо дод.

Ҳамин тавр панҷумин раисҷумҳури Қирғизистон ҳам курсиро тарк намуд. Ҳоло тақдири минбаъдаи Ҷээнбеков номаълум аст. Рӯшан нест, ки мисли ду раисҷумҳури аввал аз кишвар фирор мекунад ё дар ватанаш мемонад. Дар ватан мондан ҳам ду навъ мешавад: дар озодӣ, мисли аввалин зани президент Отунбоева ва пушти маҳбас, мисли чорумин раисҷумҳури Қирғизистон Отамбоев…

Рӯзи Рӯдакӣ фархунда бод!

Рӯзи Одамушуаро,‎ Қофиласорои назми форсӣ, Соҳибқирони шоирон, Султони шуаро, Мақаддумушуаро ва Асосгузору сардафтари адабиёти классикии тоҷик барои кулли ҳамзабонон фархунда бод!

Хоҳиш аз ширкатҳои таксӣ: Ронандаҳои “Тангем” ва тракторчиҳоро ба кор нагиред!

 “Тангем”-у “тангемсавориҳо” ёдатон ҳаст? Ронандаҳо барои мусофир бо ҳам сабқат мекарданд. Дар дилхоҳ ҷой меистоданд, одам савор мекарданд, одам мефароварданд. Қоидаи маҳдудияти суръатро риоя намекарданд. Сабаби “пробка” мешуданд. Бо фаҳштарин алфоз мусофирон, ронандаҳо ва ҳар каси дигарро дашном медоданд. Вақте мақомот барои аз хизматрасонии мусофиркашонӣ берун кардани онҳо тасмим гирифт, ҳама оҳи сабук кашид. АММО ба назар мерасад, аксари ронандаҳои “Тангем” ҳоло дар ширкатҳои таксӣ ба кор даромадаанд…

Дар мавриди “таксиҳои 5-сомона” сухан кардан ҳоҷати гап нест. Онҳо ғайриқонунӣ фаъолият мекунанд ва шиква кардан аз онҳо ба як кори беҳуда монанд аст. Аммо ширкатҳои расмӣ, ки шумораашон дар Душанбе хеле зиёд аст ва ҳамарӯза боз як ширкати нав ба майдо меояд, мебояд каме дар мавриди эътибори худ андеша кунанд. Зиёд шоҳид шудаем, ки ронандаҳои ширкатҳои расмии хадамоти таксӣ мисли собиқ ронандаҳои “Тангем” рафтор мекунанд. Сабаби “пробка” мешаванд, дашномҳои болохонадор мекунанд ва дар ҳар куҷо, ки дилашон хост, меистанду мусофир меҷӯянд. Дуруст аст, ки онҳо бояд ба асоси дархости шаҳрвандон тавассути хадамоти хизматрасонии худ бояд мусофиронро пайдо кунанд, аммо зиёд дидаем, ки ронандаҳо дар миёни роҳ истода аз мошин берун мешаванд ва бо доду фарёд “Саховат”, “18”, “Ваҳдат”… мегӯянд. Агар бо ин амалашон ба дигарон халал нарасонанд, касе корашон надорад, аммо чӣ мегӯед, ки ин тавр нест.

Барои он ки нагӯед, ин ҳама гапҳои беҳуда аст, як мисол меоварам (танҳо ронандаҳои ширкате, ки мошинаш мисол оварда мешавад, чунин рафтор надоранд, тақрибан дар ҳар ширкат чунин ронандаҳоро мешавад, вохӯрд).

Рӯзи гузашта ронандаи таксии мансуб ба ширкати “Олуча” дар ҷое истода мусофир меҷӯст, ки ба ҳаракати воситаҳои нақлиёт халал мерасонд. Гузашта аз ин вақте ӯро мегуфтанд, ки роҳро холӣ кунад, дашном ҳам мекард.

Масъулини ширкатҳои хадамоти таксӣ бояд қабл аз он ки ронандаеро тавассути шартнома ба кор қабул мекунанд, бояд ба онҳо фаҳмонанд, ки рафтори номуносиби ӯ пеш аз ҳама ба ширкат таъсири манфӣ мерасонад. Ва дар шароити имрӯз вақте як ширкат эътимоди мардумро аз даст медиҳад, гумон аст, дубора соҳибэътибор гардад. Ҳоло дар бозор рақобат хеле ҷиддӣ аст ва мардум ба осонӣ метавонанд аз баҳри ширкате, ки ронандаҳояш ба онҳо эҳтиром надоранд, бароянд. Ба қавли мардум “як дари баставу сад дари кушода”. Ё нодуруст гуфтам?          

Андар баёни “банкоматҳо”-и бепул ва “вайрон”-и Амонатбонк

Чанд рӯз аст ки банкоматҳои бинои асосии Амонатбонк кор намекунанд. Муштариёне, ки барои гирифтани пул инҷо меоянд, бо дасти холӣ бармегарданд. Дар ягон ҷо (на дар девору дарвоза ва на дар назди банкоматҳо) навиштае нест, ки аз кор накардани онҳо (дар бинои асосӣ ду банкомат мавҷуд аст, яке дар берун ва дигари дар долони бино) хабар диҳад (дар мавриди узр пурсидан чизе намегӯем, зеро то ҷое ки ман медонам дар Тоҷикистон ягон муассисаи молиявӣ (бо истиснои Алиф) барои мушкилиҳояшон аз муштариёни худ узр напурсидаанд, баръакс ҳатто маломат ҳам мекунанд).

Шояд сабаби кор накардани банкоматҳо ба таъмири зоҳирии бино марбут бошад, аммо тавре гуфта шуд, дар ҳеч куҷо (ҳадди ақал то шоми дирӯз, 21.07.20) огоҳинома ва ё навиштаҷоте дар ин бора нест. Нафароне ки ба бинои асосӣ меоянд, маҷбуранд дар ҷустуҷӯи банкомати дигар масофаи тӯлониро тай намоянд.

Мушкили банкоматҳои Амонатбонк танҳо бо оғози таъмир дар бинои асосии он шурӯъ нашуд, балки ҳамеша мавҷуд буд. Ҳоло танҳо ба ду мушкили асосӣ таъкид мекунем:

  1. Банкоматҳои Амонатбонк на ҳамеша пул доранд ва зиёд мушоҳида мекунем, ки одамон пушти ин банкоматҳо дурудароз навбатпоӣ мекунанд ва билохира бидуни пул ба хона бармегарданд;
  2. Суръати кори ин банкоматҳо мушкили дигар аст. Ё банкоматҳои Амонатбонк куҳна ҳастанд ё аз истифодаи зиёд хароб шудаанд, ки бо таъхир амалиётро анҷом медиҳанд. Як нафар барои гирифтани пул дақиқаҳои зиёдеро масраф мекунад (агар суръати банкоматҳо хуб бошад, кори муштариён ҳам зудтар ҳал мешавад ва навбатпоӣ низ камтар).

“Бо тақозои замон” ором-ором ҳамаро ихтиёриву гоҳо маҷбурӣ ба гирифтани корт маҷбур кардем. Махсусан, бознишастаҳо (нафақахӯрҳо)-ро. Гуфтем, ин кори онҳоро осон мекунад. Аммо оё чунин шуд? Ҳар моҳ вақте пул ба ҳисоби корт мегузарад, онҳо маҷбуранд, мисли кормандони соҳаи буҷавӣ барои гирфтани пул ба суроғи банкоматҳо бираванд ва на ҳамеша банкомати пулдор ва дуруст пайдо мекунанд. Агар ҳадаф осонии кори мардум аст, пас бояд барои ин осонӣ чораҳои бештаре андешид.

Шояд масъулини бонк бигӯянд, ки муштариҳо якбора тамоми пули кортҳояшонро мегиранд, аз ин рӯ зуд пули банкоматҳо тамом мешавад ва як қисми дигари одамон наметавонанд пул бигиранд. Аммо як чиро фаромуш накунед, ки шумо бояд тамоми ин ҳолатҳоро аз қабл бидонед ва барои ба миён наомадани кадом мушкил бо муштариёнатон масъул бошед. Дуруст аст, ки одамон ҳамаи пули нафақа ва маоши худро ба якборагӣ мегиранд. Онҳо маҷбуранд ин корро кунанд, зеро давоми моҳ аз мағозаву ҳамсояву хешу табор қарз мегиранд ва вақте пулашон дар корт мегузарад онро гирифта ба қарздорҳо тақсим мекунанд…

Низоми ғайринақдӣ дар Тоҷикистон гумон аст, ки солҳои наздик ҳамагонӣ шавад. Дар пойтахт ва Хуҷанд шояд ин раванд каме суръат мегирад, аммо дар минтақаҳои дигар гумон аст, ки он фаъол шавад.

Гуфтаниҳо зиёданд, аммо тавре бобоҳоямон мегуфтанд: “Ба доно як ишора бас аст”…    

Андар баёни насиҳатгароӣ ва гиллаҳои “амалгари забони тоҷикӣ”-и Вавилон мобайл

Аз миёни ширкатҳои мобилии фаъоли Тоҷикистон ба ман “Вавилон-М” писандидатар аст. Фикр мекунам, дар қиёс ба ширкатҳои дигар ба меъёрҳои инсонӣ ва корӣ содиқтаранд. Аммо…

Ҳафтае нест, ки як-ду ва ҳатто бештар аз ин паёмаки огоҳкунанда дарёфт накунам. Дар ин паёмакҳо, ки бо русӣ ирсол мешаванд, таъкид мешавад, ки барои фаъол нигоҳ доштани сим-кортам “барои бақайдгирӣ бо шиносномаи намунаи соли 2014 ба наздиктарин маркази хизматрасонӣ”- и “Вавилон-М” биравам. Дирӯз ба рақаме, ки дар ин паёмак нишон дода шудааст (2006) тамос гирифтам. Маъмулан, кормандони марказҳои тамос ё “call center”-ҳо, ки худи ширкат онҳоро “амалгар” мегӯяд, одамони хушмуомила ҳастанд ва ҳарфи зиёдатӣ намегӯянд, пурсидед, ҷавоб медиҳанд ва бо ҳамон меҳрубонӣ хайрухуш мекунанд. Аммо ба бахти ман, дирӯз як “амалгари забони тоҷикӣ”-и хеле “сергап”-у “насиҳатгар” афтид.

Вақте гуфтам, ки дар паёмак гуфта шудааст, ки бо шиносномаи намунаи 2014 барои бақайдгирӣ биёед, ман бо ин шиноснома як бор ба қайд гирифтаам, чаро дубора бояд ин корро кунам?” аз талаботи замони муоссиру суботу осоиштагиву гузаштани давраи қоғазу ниёз ба маълумоти электрониву ким чиҳои дигар ҳарф задан гирифт. Вақте хостам фаҳмонам, ки агар ҳадаф шиносномаи намунаи нав аст, пас ман 2 соли дигар фурсат дорам, гузашта аз ин агар ҳадафи иваз кардани паспорт танҳо барои сим-кортҳо бошад, шояд ман ин корро пас аз ду сол ҳам анҷом намедиҳам…

Аммо боз ҳам риштаи суханро ба даст гирифту паст наомад. Маро бо он муттаҳам кард, ки “ба шахсияташ расидам”. Гуфтам, ки ман ҳамеша Шумо гуфта муроҷиат кардам, садоямро ҳам баланд накардам, чӣ тавр ба шахсият расидам?” Гилла кард, ки гапашро гӯш намекунаму суханашро мебурам. Гуфтам, аввалан шояд гапи шумо дар ним соат ҳам тамом нашавад, ман ин қадар фурсат надорам, баъдан аслан ман муштарии ширкат ҳастам, бояд ҳарфи худамро бигӯям, шумо бояд маро гӯш кунед. Аммо гуфт, ки “ман ҳақ дорам, ки туро гӯш накунам”. Гуфтам агар ин тавр аст, пас суҳбат кардани мо ҳеч маъние надорад ва гуширо қатъ кардам…

“Рақамҳои “гургшинос” лозим”

Дар радиои “Имрӯз” кор мекардем. Давоми як соат се гузориш ва як нашри хабарӣ дар эфир пахш мегардид. Талабот ба навиштани гузоришҳо хеле ҷиддӣ буд. Пайдо кардани мавзӯъ як тарафи масъала, аммо даво-дав барои таҳия кардани он мушкили асосӣ ба ҳисоб мерафт. Чанд талаботи калидӣ буд, ки бидуни он гузориш ба эфир роҳ намефт: мавҷудияти садо, тавозун ва коршинос. Пайдо кардани садои ду ҷониб дарди ба хайр, аммо баъзан пайдо кардани коршинос хеле душвор буд.

Ҳар хабарнигор масъули соати муайян буд ва мебоист ҳадди аққал ним соат қабл аз эфир, гузоришаш омода мешуд. Талаботе, ки хеле кам риоя мегардид ва баъзан дар лаҳзаи охир гузориш танзим ва ба компютери эфир гузошта мешуд. Бояд бигӯям, ки хабарнигорон гузоришро навишта, ба продюсер (сардабир) пешниҳод мекарданд. Пас аз таҳрир, онро дар студия мехонданд, садои худу мусоҳибонро “тоза” карда, пасон онро танзим ва дар эфир мегузоштанд.

Он замон “Имрӯз” ба як мактаби рӯзноманигорӣ шабоҳат дошт. Бар иловаи чанд нафаре, ки қаблан таҷрибаи кор дар расонаҳоро доштанд, аксар донишҷӯёни риштаи рӯзноманигорӣ ва факултаҳои дигар буданд. Чанд нафар ҳаваскоре ҳам омаданд, ки ба журналистика ягон рабте надоштанд. Ва барои ҳамаи онҳо имконияти “худро санҷидан” дода мешуд ва гузориш таҳия мекарданд. Хушбахтона аз ин миён чанд нафар дар журналистика ном ёфт. Як рӯз шунавандае занг зада гуфт, ки дар кадом як минтақаи Хатлон (агар хато накунам, Балҷувон) гург ба деҳае ҳамла карда чанд гӯсфандро даридааст. Яке аз ҳамкорони навроҳи мо хоҳиш кард, ки ин мавзӯъро ӯ пайгирӣ кунад. Рақами чанд сокини он русторо пайдо кард ва садояшонро дар бораи он ҳодиса сабт намуд, бо масъули бахши муҳити зисти минтақа низ суҳбат кард. ВА чун мо ҳамеша ба вуҷуди коршинос таъкид мекардем, назди ман, ки бар иловаи хабарнигорӣ масъулияти продюсерӣ ҳам доштам, омада пурсид: “Ака, гузориши ман қариб омода аст, фақат як рақами гургшинос лозим, тамом”….

«Гапи кӣ мегузарад?»

Хутик (харбача, бачаи хар)-ро «облава» мекунанд. Хари бечора бо дидаи шашқатор назди шер меравад. «Ту шоҳи ҳайвонот ҳастӣ, ягона умедам ба ту аст, бачаи маро озод кун»,-илтиҷо мекунад хар. Шер баъди се соат баргашта, бо таасуф мегӯяд натавонист коре анҷом бидиҳад. Хар ончунон бо алам ҳангос мезанад, ки садояшро дар дуртарин гӯшаи ҷангал мешунаванд. Буз, ки дар қатори дигар чорпоён назди соҳиби доду афғон омада буд, ҳол мепурсад. Хар қисаи хутик ва дасткутоҳии шерро барояш қисса мекунад. Буз аз ҷой бархоста бидуни он ки ҳарфе бигӯяд, ба ҳаракат медарояд ва пас аз ним соат ҳамроҳ бо хутик бармегардад. Ҳама дар ҳайрат мемонанд ва мепурсанд, ки чӣ гуна ба ин муваффақ шуд? «Шумо ҳоло ҳам намедонед, ки феълан замони бузҳо аст»,-бо нимтабассум мепурсад ӯ….

«Ман 2 гирифтанӣ набудам»

Дар ҳамсоягии бобоям ҷавоне буд, ки бародаронаш аз содагии ӯ ва лакнати забонаш истифода бурдаву ба масхарааш мекашиданд. Саводи хубе ҳам надошт. Як рӯз бародари калонаш мегӯяд, «рӯзномаатро биёр, канӣ баҳоҳоятро бинем».

Бародараш ба баҳоҳои ӯ нигариставу бо тундӣ мепурсад: «Чаро ду гирифтӣ?» Дар ҷавоб мегӯяд: «Ххххххудо бббббзанннам, ма гггггирифтанӣ ннннабудам, мммммаълим хххудаш дод»…

Тарабхонаҳои Тоҷикистон: дидан ҳасту хӯрдан не?

Мегӯянд, вакилон мехоҳанд одамон ҳатто дар тарабхонаву қаҳвахона ва ошхонаҳо ниқобҳои худро нагиранд. Дар акси ҳол, ҷарима мешаванд.

Шумо ҳамон мақоли маъруфи “Дар биҳишт дидан ҳасту хӯрдан не”-ро медонед? Ва таври маълум ҳамеша таъкид мешавад, ки “Тоҷикистон биҳишти рӯи замин аст”. Ба назарам вакилони тоҷик бо ҳамин мантиқ тарҳи қонунро пешниҳод кардаанд. Яъне, чун Тоҷикистон биҳишт аст ва чун дар биҳишт дидан асту хӯрдан не, пас бояд сокинони кишвар ҳам вақте ба тарабхонаву қаҳвахона мераванд, ғизо фармоиш бидиҳанд ва ба он тамошо карда шинанд…

Назари Шумо чӣ аст?

Испанддуд | Қиссаҳои даврони коронавирус

Аз нақли як ошно, ки донишҷӯ аст

Баъди ҳамагир шудани КОВИД-19 ва вазъи бади сиҳатӣ дар Эрон, Испания ва Италия Созмони ҷаҳонии тундурустӣ коронавирусро хеле ҷиддӣ гирифт ва пандемия эълон кард. Ҳамсояҳову ҳамсояи ҳамсояҳо (Афғонистон, Узбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон) ҳам расман аз сабти сироятёбӣ ба ин беморӣ хабар доданд. Танҳо Тоҷикистону Туркманистон исрор мекарданд, ки ҳеч ҳолати гирифториро сабт накардаанд. Ҳамон шабу рӯз дар интернет хабарҳое пайдо шуд, ки гӯиё дуди испанд (сипанд, ҳазориспанд) аз коронавируси нав пешгирӣ мекунад. Ҳатто суҳбати кадом як “олиме” ҳам нашр гардид, ки ин ҳарфҳоро тасдиқ мекард.

Баъди ин ҳама ҷоро дуди испанд фаро гирифт. Гумонам ҳатто дастурҳои шифоҳии мақомдорон ҳам буд, зеро бархе идораҳои давлатӣ сипандхонаро мемонд. Ва табиист, ки нархи ин рустанӣ якбора боло ва барои бештари мардум дастнорас гардид…Хуш, қисса кӯтоҳ. Ба нақли ошнои донишҷӯямон, ҳар рӯзи корӣ дар донишгоҳи онҳо бо дуд додани испанд оғоз мегардид. Чанд нафаре, ки барои анҷоми ин кор масъул шуда буданд, то ҳадди имкон долону утоқҳоро сипанддуд ё ба қавли вай “курдуд” мекарданд. Ва ин кор то замоне идома кард, ки… мақомот расман вуҷуди коронавирус дар кишварро эълон карданд.

“Аз ҳамон лаҳза дигар ягон маротиба ҳам дуди испанд дар донишгоҳ набаромад”,-гуфт ошнои мо.  

Создайте подобный сайт на WordPress.com
Начало работы