Аммо дар фазои имрӯзи рӯзноманигорӣ мешавад барои талошҳо ҷиҳати то андозае инъикоси воқеии вазъ ба тимҳои Радиои Озодӣ ва “Азия Плюс” ташаккур кард. Инчунин, ба шахсиятҳои алоҳидае, ки бо вуҷуди мушкилиҳо дар фикри рушди журналистика ҳастанд ё рисолати худро то андозае иҷро мекунанд, аз ҷумла Шаҳло Акобирова ва Раҷаби Мирзо бояд раҳмат гуфт.
Умедворам, 3 майи соли 2021 аввалин шуда, ҳамкасбонро ба Рӯзи озодии баён табрик мекунам ва аз шодбошиҳои онҳо низ хурсанд мешавам. То он замон Худованд ҳар яки моро ҳифз кунад!
Як дӯсти хубе дорам. Одамгариаш ба қавле “ба хироҷи як мамлакат меарзад”. Панҷ панҷааш ҳунар аст – бар иловаи ихтисоси аслӣ (наменависам, то зуд ошкор нашавад)))), заргарӣ, паррандапарварӣ, тиҷорат ва чанд кори дигарро хуб уҳда мекунад. Аммо як камбудии ҷиддӣ дорад: агар аз чизе ё касе асабӣ шуд, он қадар дашном мекунад, ки беҳисоб. Ва дашномҳояш ҳам маъмулӣ, қолабӣ ё “стандартӣ” нестанд. Фикр мекунам агар сабқати дашномдеҳон баргузор шавад, ҳамаро бо як нӯл мезанад ва баранда мешавад. Қисса кутоҳ, як вақт дар як сафари хориҷӣ бо ҳамин рафиқ ҳамроҳ будем. Як ҳолате пеш омад, ки зиёд асабӣ шудам ва вақте дар ҷавоб аз даҳонам танҳо “аблаҳ” баромад, рафиқ ба ҷойи ман он қадар борони дашномеро рехт, ки ту гӯӣ “торнадо” бархестааст. На холаи он “қаҳрамон” монд, на аммааш ва на дуртарин авлоди бибикалони бибикалонаш. Ҳафт пушташро навозиш карду ҳатто ба “гунҷишкҳои сари нигас” ҳам раҳм накард. Рӯзи гузашта зиёд мехостам, ки ин дӯст пешам бошад ва ба ҷойи ман ширкати Тселро дашномборон кунад…
Чанд рӯз аст, ки аксар аз тасмими гарон шудани арзиши тарофаҳои ширкатҳои мобилӣ интиқод мекунанд. Шабакаҳои иҷтимоӣ моломол аз шиква аст. Болои сӯхта намакоб суръати интернет ба ҳадде заиф шуда, ки дар сабқати дав аз сангушт ақиб мемонад. Ва аламовару дардноктар ин аст, ки ягон ширкат қазияро шарҳ намедиҳад ва ҳатто барои суръати интернеташ узр намепурсад. Эътироф кардан намехоҳанд, ки бо шарофати муштариҳо корашон пешрав ва ба қавле “муйлабашон дар руған аст”, балки шояд фикр мекунанд онҳо ҳастанд, ки муштариён зиндаанд. Дар чанд соли ахир аз ҷониби ширкатҳои мобилии алоҳида беэҳтиромии зиёдеро шоҳид будаем ва рафта-рафта ҳолат бадтар мешавад.
Дирӯз тақрибан ду соат умуман аз телефони мобил натавонистам интернетро фаъол кунам, дар ҳоле ки тавозуни пурра аст ва бастаи “Суҳбати шаҳрӣ” аз Тсел, ки 69 сомонӣ моҳонапулӣ дорад, пайваст буд. Аҷибаш он аст, ки ишораи 4G фаъол аст, аммо интернет умуман кор намекунад. Пас аз ду соат тасмим гирифтам, дар Фейсбук чизе унвонии Тсел нависам ва ҳудуди якуним соати дигар лозим шуд, то он паём нашр шавад.
Кори ҳамкасби мо Далер Имомалӣ бароям хеле писанд омад, ки суҳбаташ бо оператори Тселро сабт кард. Онҷо оператор ба саволи Далер, ки чаро тарофааш бидуни розиги вай иваз мешавад, ҷавоби дақиқ надод. Далер маҷбур шуд ба идораи асосии Тсел биравад ва онҷо ҳам посухҳо қонеъкунанда набуданд ва ӯ бо нишони эътироз аз баҳри муштарии ин ширкат будан, даргузашт.
Ва тахмин мекунам, агар вазъ тағйир накунад, ояндаи наздик онҳое ки аз Далер пайравӣ мекунанд (ошкоро эълон мекунанд, ки дигар муштарии Тсел нестанд, чун теъдоди онҳое ки ин коро анҷом додаанд, кам нест, вале онҳо ба қавле хомушона ва бе сару садо симкорти Тселро “талоқ” карданд), зиёд мешавад. Аз ҷумла худи ман ҳам чунин тасмим дорам, аммо намехоҳам ки 70 сомонӣ барои ширкат сарфкардаам ҳайф шавад. То поёни моҳ интизор мешавам ва вақте вазъ беҳтар нашуд, бо Тсел худоҳофзӣ мекунам. Ба сифати бонус (он гуна ки ширкатҳои мобилӣ барои ҷалби муштарӣ гоҳ-гоҳе иқдом кардаву бонусҳо медиҳанд) пеши ҳамон дӯст меравам ва хоҳиш мекунам чорзону нишаста то “тар шудани дили ман” Тселро “навозиш” кунад…
Сад дареғ, ки натавонистем бештар ба дидорашон биравем ва бештар аз суҳбатҳояшон барҳра бигирем. Дареғ, ки забони тоҷикӣ аз як пуштибони қавӣ маҳрум гардид. Дареғ…
Чӣ навиштанамро намедонам, ҳарфҳои зиёде барои гуфтан ҳаст, аммо ҳама чӣ ба ҳам даромехтаанд. Аз чӣ оғоз кардану бо чӣ анҷом додани суханро намедонам.